Санаи 26.01.2022 дарси амалӣ аз фанни Азнавбарқароркунии заминҳои вайроншуда ва кадастри замин дар осорхонаи минералогияи донишкада бо роҳбарии омӯзгори фаъоли кафедраи экология Назарова М. баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни ихтисоси Ҳифзи муҳандисии муҳити зист, бахши 4 кафедраи экология иштирок намуданд.
Донишҷӯён дар дарси назариявӣ оид ба ҷинсҳои кӯҳӣ ва минералҳо шинос шуда, дар дарси амалӣ бо намунаҳои он аз наздик дидан намуданд.
Дар осорхонаи минералогии ДКМТ зиёда аз 120 намуди минералҳо мавҷуданд.
Барои донишҷӯён шиносоӣ бо намунаҳои минералҳо ва боздид аз осорхонаи мазкур бисёр шавқовар буд.