Тибқи ҷадвали баргузории корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022 – 2023 санаи 20.01.2022с. бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Зафаробод гурӯҳи корӣ дар ҳайати Туев Шоҳин Шоевич – н.и.п., мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика ва Боев Муродбек Бекмањмадович – муаллими калони кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ мулоқоту машварат гузарониданд.
Гурӯҳти корӣ ҳангоми вохурӣ бо хатмкунандагон оид ба шароиту имкониятҳои таҳсил ва ихтисосҳои дар донишкада буда маълумоти муфассал доданд. Қайд карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон нахустин донишкадае мебошад, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ягона буда, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозорӣ меҳнат, кадрҳои соҳаҳои кӯҳкорӣ, металлургия ва электромеханикаро омода намуда ба корхонаҳои саноатии кишвар равона менамояд.
Барои ҳар як хатмкунанда, буклет – маълумотномаи муфассал дар бораи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва ихтисосҳои он, ки бо забони тоҷикӣ тартиб дода шудаанд, тақдим карда шуд. Дар интиҳо ба саволҳои хатмкунандагон ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.