Мулоқоту вохӯриҳои омӯзгорони кефедраи геология ва корҳои нафту газ бо хатмкунандагони макотиби миёнаи ш. Исфара

Санаи 19.01.2022с. тибқи ҷадвали корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба Донишкаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022-2023, омӯзгорони кафедраи геология ва корҳои нафту газ зери роҳбарии омӯзгори калони кафедра Мирбобоев Ш. Ж. ва ассистентони кафедараи маскур Восихов Ш. Т., Почоев А. А., Ғуломҳайдарова Х. ба мактабҳои №52, №62 ва №12 шаҳри Исфара рафта, ба хатмкунандагон мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.

Дар вохӯриҳо омӯзгорон аз имкониятҳои донишкада, ихтисосҳо ва афзалиятмандиву муҳимияти ихтисосҳои мавҷуда ба тавассути слайд ва видео навор намоиш намуда, ояндадор будани ихтисосҳои донишкадаро таъкид ва муъарифи намуданд. Инчунин, омӯзгорон пас аз муаррифӣ намудан аз хатмкунандагони мактабҳои мазкур аз 164 нафар хатмкунандагон хаттӣ анкетаҳо гирифта шуд.  натиҷаҳо дар ҷадвали 1 нишон дода шудааст.

 

Ҷадвали 1. Нишондиҳандаҳои анкетаҳо аз мактабҳои №52, №62 ва №12

 

Рақами МТМУ (мактабҳо)

Ба ДКМТ дохил мешавам

(нафар)

Ба ДКМТ дохил шудан фикр мекунам. (нафар)

Ба ДКМТ дохил намешавам. (нафар)

1

МТМУ №52

3

16

12

2

МТМУ №62

1

13

21

3

МТМУ №12

2

48

48

Дар умум (ҷаъми)

6

77

81

 

Дар охир омӯзгорон ба хатмкунандагон маълумотномаҳои (буклет) тақвимдор  супорида шуд ва аз тарафи омӯзгори калони кафедраи мускур Мирбобоев Ш.Ж. пешниҳод карда мешавад, ки минбад маълумотномаҳои тақвимдор (буклет) чоп карда шавад ва аз довталабон (хатмкунандагон) мактабҳои миёна анкетаҳо барои интихоби ДКМТ гирифта шавад.

Таъкид намудан зарур аст, ки ин аввалин вохӯрии омӯзгорон бо хатмкунандагони макотиби миёна дар давраи “Довталаб-2022” мебошад.