Муаррифии ихтисосҳо дар макотиби миёнаи Ҷаббор Расулов аз ҷониби омӯзгорон

Дирӯз, омӯзгорони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ зери роҳбарии мудири кафедра Облоқулов Воҳидҷон ба маъракаи “Довталаб-2021” ҳамроҳ шуда, ба макотиби миёнаи ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар намуда, бо хатмкунандагон мулоқоту машваратҳо намуда, ихтисосҳои донишкадаро муаррифӣ намуданд.
Омӯзгорон дар мулоқот бо хонандагон аз имкониятҳо ва дастовардҳои донишкада сухан ронда, афзалиятҳои ихтисосҳои мавҷударо фаҳмониданд.
Ёдовар мешавем, ки назар ба соли қаблӣ имсол ихтисосҳои донишкада зиёдтар шуд ва ҳоло имконият барои хатмкунандагон ҷиҳати интихоби касбҳо бештар гардид.


Шуъбаи иттилоот