Боздиди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз болохонаи донишкада

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз факултети иқтисодиёти саноатӣ дидан намуда, сипас аз болохонаи донишкада ҷиҳати назорати ҳолатҳои бехатарии пешгирӣ аз сӯхтор ва дигар омилҳои фалокатовар аз боздид ба амал оварданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳини пурра аз назар гузаронидани болохонаи донишкада ба масъулин ҷиҳати азнавсозии ҳавокашҳо ва як маротиба санҷидани лӯлаҳои обкаш барои пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувор дастуру супоришҳо доданд.
Зимни боздид маълум карда шуд, ки болохонаи донишкада дар ҳолати хуб қарор дошта, фақат масъулин ҷиҳати санҷиш ва фаҳмидани ҳолати техникии таҷҳизот корҳои омодабошӣ бояд гузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки болохонаи донишкада дар ҳолати хуб қарор дошта, барои анҷоми як қатор корҳо бояд тармиму азнавсозӣ аз ҷониби масъулони хоҷагидорӣ сурат бигирад.


Шуъбаи иттилоот