Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати рӯзи мавлудатон аз самими қалб табрику таҳният гуфта, барои Шумо аввало сиҳатию саломатӣ, умри дарози бобаракат, давлати пирии фарзанддон ва боқи ҳама хӯшиҳои зиндагиро бароятон аз даргоҳи Парвардигор таманно менамоем. Бигузор доимо ҳамин хел хурсанду хушбахт бошед!!!
Ҳарки бошӣ одами арзанда бош,
Гул барин бо чеҳраи пурханда бош.
Ҳар ки гирад домани покат ба даст,
Бахт шав,иқбол шав, поянда бош.
Фурӯғи дидагонат кам нагардад,
Ғаме бар шодии ту зам нагардад.
Ниҳоли умри худ дилшод бинӣ,
Ниҳоли орзуят хам нагардад.
ЗОДРӮЗ МУБОРАК УСТОДИ АЗИЗ !!!
PS:
Ҳамчунин, ба шуъбаи иттилооти донишкада номаҳои табрикотӣ бахшида ба милоди Иброҳимов Исмоилҷон аз Иттифоқи касабаи донишкада, садорати факултети электромеханика ва кафедраи таъминоти барқ расидааст, ки ҳамааш таманниёти некро ба унвонии устод Исмоилҷон Иброҳимов фаро мегирад.