Баррасии Шӯрои ректорон ва ҷаласаи ҷамъбастии раиси вилояти Суғд дар донишкада

Дирӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласа оид ба натиҷагирӣ аз  ҷаласаҳои Мушовараи вазорати маориф ва илм, вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои ректорони ҷумҳурӣ ва ҷаласаи ҷамъбастии раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Ҷаласаро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан ронда, чанд масъалаи муҳимро ки дар ҷаласҳо баррасӣ шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас, муовини аввали ректор профессор Насриддинов  Замониддин роҷеъ ба нуктаҳои муҳими ҷаласаи ҷамъбастии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сухан ронда, чанд масъаларо барори баррасӣ пешниҳод намуданд.

Сипас, атрофи масъалаҳои муҳим деканҳо ва сардорони раёсатҳо мулоҳизаронӣ намуданд.

Дар интиҳо ба ҳозирин дастур дода шуд, ки ҷиҳати бомаром гузаронидани панҷсолаи рушди саноат аз кишвар нақша-чорабиниҳоро пешниҳод намоянд.

 

Шуъбаи иттилоот