Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада чорабинии Донишкадаи Конфутсий баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти донишкада, роҳбарон ва алоқамандони забони чинӣ ва намоянлагони васоити ахбори омма ширкат намуданд. Дар чорабинии мазкур ҳамчунин волидайни хатмкунандагон низ ҳузур доштанд.
Чорабиниро нахуст муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба равобити Тоҷикистону Чин ва ҳамкориҳои фарҳангӣ сухан ронда, қайд намуд, ки таҳкими ҳамкориҳо дар самти илму маориф бо кишварҳои ҳамҷавор барои ҳар ду ҷониб муфид буда, самараи нек медиҳад. Ҳамзамон, ба алоқамандони забони чинӣ низ изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки имрӯз дар ҷаҳон мавқеи забони чинӣ рӯз аз рӯз боло рафтаистодааст ва донистани ин забон хуб аст.
Сипас, директори Донишкадаи Конфутсий Жен Гентян, сардабири ҳафтаномаи “Согдийская правда” Исҳоқҷон Зокиров, профессор Зафар Розиқов ва дигарон суханронӣ намуда, роҷеъ ба фаъолияти Донишкадаи Конфутсий, мавқеи фарҳанги чинӣ дар олами Шарқ, рушди забони чинӣ ва ҳамкориҳои итисодиву илмӣ сухан ронданд.
Баъдан, ба хатмкунандагони курси забони чинӣ сертификатҳо тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҳамкории Тоҷикистону Ҷумҳурии халқии Чин имсол 30 сол пур шуд ва дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Шуъбаи иттилоот