Дар партави сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат

Имрӯз, дар партави сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти донишкада ва иттифоқи касабаи донишкада дар арафаи соли нави милодӣ ба аёдати бошандагони мактаб- интернати рақами 40-и шаҳри Конибодом рафтанд.
Ҳайати мазкур зери роҳбарии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маърифат” Саидов Анвар, аъзоёни иттифоқи касабаи донишкада сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбар, сардори шуъбаи ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, роҳбари ансамбли ҳунарии донишкада, Хуҷамов Санъатҷон, Абдураҳмонова Азиза, Ахмедова Гулшан, муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ Холбоев Рафиқҷон, омӯзгори варзидаи донишкада Тоҳиров А. ва дигар кормандони фаъол аз ҳолу аҳволи бошандагони мактаб- интернати мазкур дидан намуда, бахшида ба Соли нави милодӣ ба омӯзгорону масъулон ва бошандагони он оши палав ташкил намуда, дастурхони идона оростанд.
Пас аз суханони табрикотии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад ба кулли бошандагони мактаб- интернати рақами 40- шаҳри Конибодом туҳфаҳои солинавӣ аз ҷониби ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ тақдим карда шуд. Сипас, барномаи ҳунарии омоданамудаи ансамбли “Ҷилои ёқут”-и донишкада манзури наврасон- бошандагони мактаб-интернати мазкур гардонида шуд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳозирин изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид дошт, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар оянда ҳам пайваста аз ҳолу аҳволи бошандагони мактаб-интернати мазкур хабар гирифта, кӯмакҳои худро дареғ намедорад.


Шуъбаи иттилоот