Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти пурсамари профессор Розиқов Зафар Абдуқаҳорович сухан гуфтанд ва мавҷудияти эшонро дар донишкада як фоли нек ва бурди донишҷӯёни донишкада арзёбӣ намуданд.
Сипас, муовини раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Хуршед, муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин ва дигар рафиқону ҳампешагон роҷеъ ба фаъолияти пурсамари профессор Розиқов Зафар суханронӣ намуда, ӯро ба санаи мубораки 70-солагӣ табрику таҳният намуданд.
Ҳамзамон, дар конфронси бахшидашуда ба 70-солагии профессор Зафар Розиқов бародарону ҳамсабақон ва олимону ҳамкорон аз кишварҳои Норвегия, Ҷумҳурии халқии Чин, Португалия ва Федератсияи Русия ба тариқи ҳузури ва онлайнӣ суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Розиқов Зафар Абдуқаҳорович яке аз чеҳраҳои намоёни асри гузашта ва аз олимони шаҳири асри нав мебошад, ки шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Ба қалами профессор Розиқов Зафар зиёда аз 200 асарҳои илмӣ ва монографияву мақолаҳои сатҳи байналмиллалӣ навишта шудааст, ки ин боиси ифтихори ҳар як нафар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ба хотири 70- солагии профессор Розиқов Зафар Абдуқаҳорович маҷмӯаи ёддоштҳо ва андешаҳои олимон ва ҳамсабақону ҳампешагони профессор ба нашр расидааст, ки роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти эшон низ гуфта шудааст.
Шуъбаи иттилоот