Ҳамкориҳои ДКМТ бо ДМТБ густариш меёбад

Дирӯз, омӯзгорони донишкада зери роҳбарии муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, сардори маркази тестию бақайдгирӣ Давлатов Давлатмаҳмад, намояндагони вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғозиев Фаррух ва Ғайрат Шакарбеков бо ҳайати баландпояи Донишгоҳи миллию техникии Белоруссия мулоқот намуданд.
Аз ҷониби ДМТБ ҳайатро муовини ректор оид ба илм Александр Михайлович Маляревич ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
Мулоқотро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, сараввал дар бораи фаъолияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва самтҳои маълумот дода, сипас аз имкониятҳои ҳамкорӣ сухан гуфт.
Дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо оид ба масъалаҳои равотиби дуҷониба, таъсиси шӯрои илмии техникии байнидонишкадавӣ, таъсиси ихтисоси интелекти сунъӣ дар ҳамҷоягӣ ва дигар самтҳои муҳими лоиҳасозӣ диққати ҷиддӣ дода, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳамкориҳоро густариш диҳанд.
Дар интиҳои мулоқот ба намояндагони ҳайати сертификатҳо супорида шуд.
Ҳамзамон, раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад бо раиси иттифоқи касабаи донишгоҳи мазкур Ирина Сергеевна мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки феълан омӯзгорони донишкада тибқи лоиҳаи академияи байналмилалии CDIO барои такмили ихтисос дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белоруссия қарор доранд.


Шуъбаи иттилоот