Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон ҷиҳати гузаронидани мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни корхонаву муассисаҳои шаҳр, санаи 9 декабри соли равон дар майдончаи варзишии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни дастаҳои ДКМТ ва МД Мактаби варзишии шаҳри Бӯстон ташкил ва баргузор гардида, дар натиҷа бо ҳисоби 7:4 ғолибият насиби дастаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гардид.
Бояд зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, равнақу ривоҷи футбол байни сокинони шаҳр ва дарёфти беҳтарин футболбозон аз байни онҳо ба ҳисоб меравад.
Сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ медиҳад, ки ин сеюмин ғолибияти дастаи варзишкорони донишкада аст, ки дар ду моҳи охир ба назар мерасад. Дастаҳои варзишии донишкада дар бозии волейбол соҳиби ҷойи аввал ва шоҳҷоиза гардиданд, дар мусобиқаи шоҳ мот соҳиби ҷойи дуюм ва ҳамчунин дар варзиши куштингирӣ се донишҷӯ сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд.