Дирӯз, тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати мулоқоти рӯбарӯ бо донишҷӯён дар факултети корҳои кӯҳӣ мулоқоти декани факултет бо донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро декани факултет дотсент Самадова Гули Мирҷоновна ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба риояи тартиботи ҷамъиятӣ, рафтори намунавӣ, риояи либоси ҳатмии донишҷӯӣ, андӯхтани илму дониш, ширкат дар маҳфилҳои илмӣ ва иштирок дар озмунҳову олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сухан ронда ба донишҷӯён хубу аъло хонданро тавсия дод.
Сипас, аз донишҷӯён оид ба муносибати омӯзгорон ва камбудиҳои мавҷуда суол намуд.
Шуъбаи иттилоот