Семинари илмӣ-методӣ дар кафедраи фанҳои умумитехникӣ

Санаи 17 – уми ноябр дар кафедраи фанҳои умумитехникӣ аз ҷониби муаллими калони кафедра Махмудова С.C., семинари илмӣ-методӣдар мавзӯи “Муқовимати масолеҳ – таҳкурсии илмии муҳандисони ҳамаи соҳаҳо”   гузаронида шуд, иттилоъ дод мудири кафедраи фанҳои умумитехникӣ Воҳидов А.

Кори муҳандисӣ хислати эҷодӣ дошта, бо офаридани техникаи нав, иншоотҳои нодир, такмилдиҳии технология ва ташкили меҳнат алоқаманд аст. Аз ин рӯ, дар барномаи омоданамоии муҳандиси дилхоҳ ихтисос ҳатман курсҳое, мавҷуданд, ки бо лоиҳагирӣ ва ҳисоби андозаҳои ин ё он конструксияҳо алоқаманданд. Муқовимати масолеҳ яке аз фаннҳои муҳим ба ҳисоб рафта алифбои ихтисоси муҳандисӣ мебошад.

Муқовимати масолеҳ  фанни асосӣ дар бораи мустаҳкамӣ, мазбутӣ ва устувории конструксияҳо ва мошинҳо мебошад, яъне илм дар бораи боэътимодӣ аст. Шахси ихтисоси муҳандисиро интихоб намуда ин фанро дар канор гузошта наметавонад, чунки  муқовимати масолеҳ звенои алоқавӣ байни фанҳои асосии дар ду соли аввали дар донишгоҳҳои техникӣ омӯхташаванда ва фанҳои тахассусӣ, ки бо касби мутахассиси оянда алоқаманд аст, мебошад.

Ба пайдоиши компютерҳои сермаҳсул ва дастгоҳҳои комилан дақиқ нигоҳ накарда нақши омӯзиши муқовимати масолеҳ танҳо зиёд мегардад, чунки ба вуҷуд овардани техникаи нав на танҳо бо суръати ҳисобкунӣ, балки ба дараҷаи зиёд бо иқтидори эъҷодии инсон ва донишҳои ӯ, ки ҳиссаи калони он ба муқовимати масолеҳ тааллуқ дорад,  муайян мегардад.

Дар семирнар оид ба  омилҳои боэътимодиии муқовимати масолеҳ ва омӯзиши таҳкурсии илмии муқовимати масолеҳ дар ҳаммаи соҳаҳои техникӣ баён гардид.