Олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар як ҳайат зери роҳбарии муовини аввали ректор Насриддинов З.З., декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Г., раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Д. дар Конгресси кӯҳии авруосиёии Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Навоӣ баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки конгресси мазкур тайи ду рӯз идома намуда, дар он аз тамоми кишварҳои минтақаи Авруосиё олимон ва муҳаққиқон ширкат менамоянд.
Роҷеъ ба ширкат ва мавзӯи матраҳ намудани ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муфассалтар пас аз баргшашти ҳайати илмӣ хоҳем навишт.
Шуъбаи иттилоот