Ба маълумоти аҳли илм ва пажӯҳишгарон ва олимони ҷумҳурӣ мерасонем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон санаи 27-уми ноябри соли 2021 конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун омили рушди босуръати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар саноат” баргузор мегардад ва аз ҳамаи хоҳишмандон даъват ба амал оварда мешавад, ки маърӯза ва маводҳои хешро ба нишонии зикргардида, тибқи талабот бифиристанд.
Талабот оид ба фишурда ва маърӯзаҳо
Матни фишурда – 1 ё 2 саҳифаи пурра ва маърӯза то 5 саҳифа, ки дар принтер бо фосилаи 1.0, бе ислоҳкунӣ дар қоғази сифатноки сафеди андозаи А4 (210х297мм) бояд пешниҳод шавад. Масофаҳо аз боло, поён, чап, рост-20 мм. Номи маърӯза бо ҳарфҳои калон ба таври симметрӣ ҷойгир шаванд. Баъди 2 интервал ном ва насаби муаллиф, дар сатри оянда номи ташкилот. Редактори матнии тавсияшаванда: MS-Word шрифт Palatino Linotype 12 п.т. Ба ҳиҷо ҷудокунии калимаҳо дар сарлавҳа иҷозат дода намешавад. Расмҳо, диаграммаҳо ва схемаҳо бояд бо формати*bmp,*gif,*jpeg иҷро карда шаванд. Дар варақаи алоҳида маълумот дар бораи иштирокчиён мувофиқи «варақаи иштирокчии конфронс» пешниҳод карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳои дар боло номбаршударо на дертар аз муҳлати муқарраршуда, 20 ноябри соли 2021 ба суроғаи: 735730, вилояти Суғд, шаҳри Бӯстон, кӯчаи Р.Баротов-6, дастрас намоед.
e-mail:Vohid.o @mail.ru; тел.:+992 92 8994422, 92 7341188
Такшилкунандагони конфронси мазкур кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ, кафедраи менеҷмент мебошанд.