Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз равобити хориҷии кишвар бо дигар кишварҳои сайёра густариш ёфт ва хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ обрӯву мақоми баландро соҳиб аст. Ва ҳамин аст, ки кунун равобити хориҷии тамоми соҳаҳо густариш ёфтааст. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ бо зиёда аз 48 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад, ки ин барои пешрафти корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ мусоидат менамояд. Айни замон ҳамкориҳои байни донишгоҳу донишкадавӣ хеле хуб рафта истодааст ва ҳоло равобити густардаи илмӣ низ равнақ ёфтааст.
Санаи 8 ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби директори Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ Валиева Мастура Набихоновна таҳти унвонӣ “Тоҷикистон яке аз узви фаъолтарини СҲШ” маърӯза ба магистрантони факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи нафти Чин машғулияти лексионӣ тариқи онлайн гузаронида шуд.
Магистратон ва ширкатдорони машғулият фаъолона ширкат намуда оид ба кишвари мо-Тоҷикистон суолҳо дода, аз омӯзгор Валиева М. Посухҳои мушаххас гирифтанд. Магистрантони хориҷ изҳор намуданд, ки бештари онҳо акнун дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти пурра гирифта, умед бар он доранд, ки ба Тоҷикистон сафар намоянд ва аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ дидан намоянд.
Дар интиҳои машғулиятҳо аз ҷониби шуъбаи робитаҳои хориҷии Донишгоҳи нафти Чин ба Валиева М.Н. сертификати омӯзгори фахрӣ тақдим карда шуд.
Дар суҳбати катбӣ Валиева Мастурахон ба шуъбаи иттилоот навишт, ки “мо бояд ҷидду ҷаҳд намоем то Тоҷикистони азизи худро дар ҳамаи кунҷу канори ҷаҳон муаррифӣ намоем”.
Шуъбаи иттилоот