Дирӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Конститутсия чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, суханро ба раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар доданд. Ҷалолзода М. ҳозиринро ба ин рӯзи муҳим табрику таҳният гуфта, ба ҳозирин изҳори сипосмандӣ намуд.
Сипас, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз қабул гардидани Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуда, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими он муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ қайд намуд, ки Конститутсия санади олӣ буда, кафили арзишҳои олии инсон мебошад ва ҷанбаи башардӯстӣ дар он бузург мебошад.
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Маҳмудова Зарина низ баромад намуда, аз таърихи қабули Қонуни асосӣ ёдовар шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ ба як қатор фаъолон шаҳодатномаи аъзогии ҲХДТ ва ифтихорномаҳо супорида шуд.
Сипас, барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Шуъбаи иттилоот