Имрӯз, дар факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоқоти раёсати тарбия ва садорати факултет бо волидайни донишҷӯёни ихтисосҳои 1-360101 , 1-430103-01, ки мураббиёни ин гурӯҳҳо Абдураҳмонова А. ва Абдуллоева Н мебошанд, баргузор гардид.
Вохӯриро нахуст муовини декан оид ба тарбияи факултети электромеханика Анвар Саидов ифтитоҳ намуда, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, декани факултет Қозиев Камолудин, мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика Туев Шоҳинро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М.С. оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷавонон аз даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва дигар рафтори ношоиста сухан ронданд.
Ҳамчунин, декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин суханронӣ намуда, роҷеъ ба масъулияти падару модарон, ӯҳдадориҳои донишҷӯён ва волидайн ҷиҳати аз худ намудани донишҳои муосир ва фаъолона ширкат намудан дарсҳо сухан ронданд.
Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур мураббиёни гурӯҳҳо сухан ронда, оид ба ҳолати мавҷудаи ҳар як донишҷӯ маълумот доданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ волидайн ба масъулон оид ба рафтори фарзандони худ пурсида, дар бораи хониши фарзандони хеш маълумоти заруриро ба даст оварданд.