Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада хониши сиёсӣ аз рӯйи 10 самти сиёсати муваффақ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва фаъолони донишкада ширкат намуданд. Чорабиниро нахуст сардори бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Насриддинов Шаҳбоз ифтитоҳ намуда, нақши ҷавононро дар пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвар муҳим арзёбӣ намуда, дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати ҷавонон ёдовар шуда, қайд намуд, ки дар ҷавоб мо ҷавонон бояд дар роҳи меҳандӯстиву хештаншиносӣ ва садоқат ба давлату миллат ҷонфидо бошем ва ба қадри неъматҳои даврони истиқлол бирасем.
Сипас, Насриддинов Ш. суханро ба муовини озоди филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода дод. Меҳмон дар навбати худ, аз дастовардҳои сиёсати ҷавонон, пешрафти иқтисодӣ ва рушди навъҳои гуногуни варзиш ёдовар шуда, ҷавонро баҳри ҳамдастӣ ва сарҷамъиву саҳмгузорӣ дар рушди ҳама соҳаҳо даъват намуд.
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём низ суханронӣ намуд. Дар интиҳои чорабинӣ суолу ҷавоб бо донишҷӯёни фаъол сурат гирифт, ки аз он донишҷӯён аз меҳмонон ва маърӯзачиён посухҳои худро гирифтанд ва ин ҳолат чорабиниро боз ҳам ҷолибтар гардонид.
Шуъбаи иттилоот