Семинари илмӣ-назариявӣ таҳти сарпарастии академияи байналмилалии CDIO

Имрӯз, дар кафедраи металлургияи факултети металлургия семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд.
Семинарро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба муҳимияти соҳаи металлургия ибрози назар намуд. Сипас, дар бораи имкониятҳои Лоиҳаи байналмилалии CDIO, ки бо шарикони хориҷӣ дар донишкада амалӣ мегардад, сухан ронданд. Умарҷонов А. қайд намуд, ки академияи байналмилалии CDIO дар Осиёи Миёна ягона буда, ҳамаи ихтисосҳояш аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур бинои кафедраи металлургия ба таври комил аз таъмир бароварда шуда, чандин таҷҳизотҳои нав ба озмоишгоҳ харидорӣ карда шуд. Утоқҳои кории академияи байналмилалии CDIO, ки тибқи барномаи грантӣ сохта шудааст, пурра ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад.

Дар интиҳои суханронӣ профессор Умарҷонов Абдусафо қайд намуданд, ки академияи байналмилалии CDIO имрӯз дорои аҳамияти муҳим буда, метавонад дар оянда мутахасисони баландихтисосро тарбия созад.
Ҳамзамон, дар семинари имрӯза мудири кафедраи металлургия Қодиров Абдурашид низ дар мавзӯи “Усулҳои муосири коркарди маъданҳо ва консентратҳои металҳои ранга” суханронӣ намуда, тариқи доскаи электронӣ баъзе усулҳоро нишон дод, ки дар интиҳои маърӯза суолу ҷавоб байни ҳозирин ва маърӯзачӣ сурат гирифт, ки семинарро боз рангинтар намуд.
Дар интиҳои семинар, ки дар толори озмоишгоҳ мегузашт, масъулин ба ҳозирин аз натиҷаи кори озмоишӣ хабар доданд.


Шуъбаи иттилоот