Иштироки донишҷӯёни донишкада дар “Рӯзи дарҳои кушод”-и қисми ҳарбии 01972

Имрӯз, донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар “Рӯзи дарҳои кушод”-и қисми низомии 01972-и шаҳри Бӯстон ширкат намуданд.
Донишҷӯён нахуст дар ҳавлии бинои асосии донишкада ҷамъ омада, бо сари баланд парчамҳоро баланд бардошта, то дари қисми низомӣ қадамзанон расиданд ва сипас вориди қисми низомӣ гардида дар чорабинӣ ҳузур ёфтанд.
Зиёда аз 100 нафар донишҷӯён бо имконияту васоили мавҷуда ва воситаҳои истифодашавандаи қисми ҳарбӣ шинос шуданд.
Ёдовар мешавем, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо ҳисси милливу меҳандӯстиро зиёд намуда, донишҷӯёро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия менамоянд.


Шуъбаи иттилоот