Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Шуморо барои иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия яке аз заминаҳои асосии саноатикунонии босуръати кишвар», ки бахшида ба муносибати 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 октябри соли 2021 дар донишкада баргузор мегардад, даъват менамояд.
Самтҳои конференсия:
• Геологияи конҳои канданиҳои фоиданок;
• Муаммоҳои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок;
• Истеҳсоли маводҳои ниҳоии конҳои канданиҳои фоиданок (металлургия);
• Мошинҳо ва таҷҳизотҳои саноати кӯҳӣ;
• Масъалаҳои мубрами таъминоти барқӣ;
• Муаммоҳои иқтисодии идоракунӣ ва сармоягузорӣ;
• Муаммоҳои экологии соҳа ва роҳҳои ҳалли он.
Талаботҳои умумӣ нисбат ба таҳияи мақолаҳо:
Ҳаҷми мақола то 8 саҳифаи чопӣ;
Шрифт: Times New Roman
Кегл: 14
Фосилаи байни сатрҳо: 1
Баробарӣ бо паҳноӣ;
Меъёрҳои саҳифа (см): чап-3, рост-2, боло-2, поён-2;
Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ;
Таркиби мақола: номи мақола, ному насаби муаллиф, ташкилот ё муассиса, почтаи электронӣ, аннотатсия (на зиёда аз 5 сатр), калидвожаҳо (на бештар аз 10 адад) бо ду забони кории конференсия;
Мӯҳлати ниҳоии ирсоли мақолаҳо: 20 октябри соли 2021;
Суроғаи электронӣ ҷиҳати қабули мақолаҳо: ilm.dkmt@gmail.com, akbar.nabizod@gmail.com;
Барои тамос: Шербоев М.А. +992 933559500, +992 927100463;
Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Бӯстон, кӯч. Баротов А. 6.