Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар робита ба ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бинои хобгоҳи донишҷӯёни хориҷӣ, Маркази бақайдгирию тестӣ ва майдончаи варзиши тенниси барои 200 нафар ифтитоҳ ва ба истифода дода шуд.
Меҳмонони олиқадрро сараввал ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ истиқбол намуда, бо дастовардҳои донишкада ва дастовардҳои варзишӣ шинос намуданд ва сипас ба дохили бино ворид гардида, аз Маркази тестӣ, ки бо усули замонавӣ ва барои нишасти зиёда аз 100 нафар донишҷӯ сохта шудааст, дидан намуданд. Сипас, меҳмонон ба майдончаи варзишии тозабунёд ворид гардида, бо донишҷӯён мулоқот намуданд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф ҳозиринро бо 30- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои донишҷӯён ва омӯзгорону профессорон барору комёбиҳои навро таманно намуданд.
Сипас, аз бинои хобгоҳи рақами 1 дидан намуда, ба кори таъмиру таҷдид баҳои баланд доданд.
Дар интиҳо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода ба декани факултети корҳо кӯҳӣ Самадова Гули медали Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ меҳмонони олиқадрро гусел намуда, ба муовининон ва дигар масъулон барои омодагии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои роҳбарияти донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дошта, бинои асосии донишкада аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.
Шуъбаи иттилоот