Ба хотири хизмати содиқона ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳандӯстӣ бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Аминҷонова Мавлуда бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Сипосномаи мазкурро ба муаллима Аминҷонова Мавлуда муовини раиси вилояти Суғд муҳтарам Зайнура Азимӣ супориданд.
Ёдовар мешавем, ки Аминҷонова М.С. яке аз собиқадорони донишкада буда, зиёда аз 20 соли умри хешро сарфи таълиму тарбияи насли ҷавон намудаанд.
Шуъбаи иттилоот