Дирӯз, паёме, ки аз раёсати илм ва инноватсия тамоми ҳайати профессорию омӯзгории донишкадаро хушҳол намуд, ин расидани мактуб аз ҳайати ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” мебошад, ки тибқи ин иттилоъ ду нафар омӯзгорони донишкада Раҳимов Ҳаётқул ва Қодиров Абдурашид дар даври вилоятии ин озмун сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
Раҳимов Ҳаётқул-ассистенти кафедраи металлургия сазовори ҷойи аввал ва Қодиров Абдурашид -мудири ҳамин кафедра сазовори ҷойи сеюм гардидаанд, ки ин натиҷаи баланд дар вилояти Суғд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада ва дастури ректори муҳтарам профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба онҳое, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фуруӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон-ватани азизи ман” сазовори ҷойи аввал мегарданд, 10000 сомонӣ маблағ ба ҳар як ғолиб тақдим карда мешавад.
Шуъбаи иттилоот