Имрӯз, муовини ректор оид ба корҳои хоҷагидорӣ ва молиявӣ Ҷабборзода Муҳаммад ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ ва андешидани чораҳои беҳдоштиву зиддиуфунӣ бо масъулони қисми маъмурию хоҷагидорӣ маҷлис гузаронид.
Дар ҷаласаи имрӯза, Ҷабборзода М. омодагии донишкадаро ба зимистонгузаронӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати харидории ангишти аълосифат ва омода намудани синфхонаҳо тавсия дод. Ҳамзамон, дар маҷлиси имрӯза дар бораи қабули донишҷӯён ба хобгоҳҳо ва беҳтар намудани шароити хидматрасонӣ сухан ронда, иброз дошт, ки тамоми имкониятҳо аз барои донишҷӯён фароҳам оварда шудааст ва бояд, ки назорат барои риояи қоидаҳои будубош риоя карда шавад.
Дар маҷлиси имрӯза, аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва таъмири синфхонаҳову гулгаштҳо ва биноҳои таъмирнодида сухан рафта, изҳор карда шуд, ки бояд то охири моҳи сентябр ҳамаи синфхонаҳо бо шиору овезаҳо ва лавозимоту аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шавад.
Шуъбаи иттилоот