Таҳти унвони “Тоҷикистон дар шоҳроҳи истиқлол” имрӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят ва олимону мутахассисони соҳа конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид.
Конфронси мазкур ба муносибати рӯйдоди муҳими таърихӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадаф аз он баррасӣ ва муҳокимаи дастовардҳои Тоҷикистон дар дарозои сӣ соли истиқлол унвон мешавад.
Профессор Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронсро ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо мақсад ва барномаи он шинос намуд. Номбурда зикр дошт, ки ташаббуси мазкур ҷиҳати арҷгузорӣ ба дастоварди олӣ ва нодири миллат – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он гиромидошти арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Мувофиқи барномаи конфронс маърӯзаи нахустин аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзӯи “Истиқлолият ганҷи ҷовидонаи миллат” ироа гардид.
Раиси вилояти Суғд таъкид дошт, ки Истиқлолият барои халқу миллати тоҷик нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари тоҷикон ба шумор меравад.
Гуфта шуд, ки сокинони кишвари озоду ободи мо бо муҳаббату садоқат имрӯз ифтихор аз он доранд, ки сӣ сол муқаддам нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, халқи тоҷик аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардиданд.
Роҳбари вилоят дар идомаи суханронӣ аз дастовардҳои замони истиқлол – ҷиҳати дар муддати кутоҳ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, хотиррасон гардид.
“Сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, пойгоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои байналмилалии мошингард, корхонаҳои саноатӣ ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ самараҳои матлуб ба даст оварда, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум заминаи мусоид фароҳам овард”- афзуд Раиси вилоят.
Дар идомаи кори конфронс перомуни мавзуъҳои муҳими марбут ба давлатдорӣ, бунёди давлати навини тоҷикон, заминаҳои асосии таъмини сулҳу ваҳдат маърӯзаҳо қироат шуданд.
Аз ҷумла, таҳти унвони “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини сулҳу ваҳдат” иштирокчии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова маърӯза намуда, мавзӯи “Истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик” аз ҷониби директори Пажӯҳишгоҳитаърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор Насрулло Каримзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Доктори илмҳои таърих, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ваҳҳоб Набиев оид ба нақши Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол маърӯза ироа намуд, ки дар он хидматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ шарҳ ёфтанд.
Маърӯзаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Мӯмин Шарифзода “Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ” ном дошт, ки дар он доир ба қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри расидан ба ҳадафҳои олии миллӣ маънидод шуданд.
Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Дилафрӯз Саидӣ перомуни мавзӯи “Зан ва истиқлолият” изҳори андеша ва назар кард. Тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, имконият ва имтиёзҳо баҳри дастгирии занон, иқдомоти судманд дар самти фаъолгардонии иштироки занон дар ҳаёти мамлакат муҳтавои асосии баромади Дилафрӯз Саидиро ташкил дод.
Дар маҷмуъ, меҳвару ҷавҳари маърӯзаҳои иштирокчиёни конфронси илмӣ-амалии “Тоҷикистон дар шоҳроҳи истиқлол”-ро музаффариятҳои Тоҷикистон давоми сӣ соли истиқлол, торафт таҳким ёфтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб, марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерўи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ дар мамлакат фаро гирифтанд.
Бо ироаи муроҷиатномаи иштирокчиён конфронс пӯшида эълон шуд.
Иттилоъ медиҳем, ки ҷиҳати иштирок дар конфронси мазкур беш аз 60 мақолаи илмӣ ворид гардидааст, ки он дар шакли маҷмӯаи мақолаҳо ба нашр расид.