Муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин бо мураббиёни гурӯҳҳои академӣ ҷаласа баргузор намуд

Имрӯз, дар толори калони донишкада бо ширкати мураббиёни гурӯҳҳо, муовинони деканҳо ва деканҳои факултетҳо тибқи дастури ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ  ҷаласа гузаронида шуд. Дар ҷаласаи мазкур муовини аввали ректор Насриддинов Замониддинро муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аминҷонова Мавлуда ҳамроҳӣ намуданд.

Нахуст, ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аминҷонова М. ифтитоҳ намуда, дар мавриди бемасъулиятии баъзе омӯзгорон ва мураббиён сухан гуфт. Сипас, муовини аввали ректор Насриддинов З. суханронӣ намуда, дар мавриди камбудҳои ҷойдошта ва нодуруст корбарӣ намудани мураббиёну омӯзгорон сухан гуфта, бемасъулиятии баъзе масъулонро заъфи аслӣ ҳисобид.

Насриддинов З. аз ҷумла аз надоштани тарбияи ватандӯстии баъзе донишҷӯён ва ҳисси миллӣ надоштанашон сахт интиқод намуда, аз мураббиён тақозо намуд, то ба таври фаврӣ ҷиҳати рафъи камбудҳо бо донишҷӯён корбарӣ карда шавад.

Ҳамзамон, дар мавриди ширкати донишҷӯён дар чорабиниҳои сиёсӣ ибрози андеша намуда, Насриддинов Замониддин илова намуданд, ки минбаъд ба чорабиниҳои ҷамъиятӣ танҳо ва фақат донишҷӯёни меҳандӯст ва дорои тарбияи волои инсонӣ ҷалб карда шаванд.

Дар интиҳо суолгузориҳо байни омӯзгорону мураббиён ва муовинони ректор сурат гирифт, ки ба ҳама суолҳо посух дода шуд.

 

Шуъбаи иттилоот