Субҳи имрӯз, ректор донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати боварии комил пайдо намудан аз ҳолати имтиҳонсупорандагон ва бо шароити мавҷуда ошно шудан ба ҳама синфхонаҳое, ки имтиҳони давлатӣ баргузор мегардид, ташриф бурда, ҷараёни имтиҳонсупории хатмкунандагонро назорат намуданд.
Нахуст, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дидан намуда, сипас ба дигар синфхонаҳои имтиҳонӣ ташриф бураданд.