Семинари илмӣ-назариявӣ оид ба кодекси нави андоз

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамаи аъзоёни Шӯрои олимон ва раёсат ширкат варзиданд. Нахуст дар семинари имрӯза ректори донишкада н.и.и.,дотент Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, зарурати кодекси нави андозро муҳим арзёбӣ намуда, баррасии онро байни мутахассисон ҳатмӣ донистанд.

Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ, ки аз соҳаи андоз ва андозбандӣ хуб огоҳӣ доранд, иброз доштанд, ки Кодекси нави андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба стандартҳои байналмиллалӣ таҳия шудааст ва дуруст тафсир намудани он миёни ҷомеа натиҷаи хуб медиҳанд.

Дар ҷумҳурии мо, масъулонро зарур аст, ки бар ҷомеа бояд моҳияти тағйиротро, ки бар манфиати ҷомеа мебошад, бифаҳмонанд ва он вақт ҳамдигарфаҳмӣ ва дарки масъала бавуҷуд меояд.

Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳозирин Ҷумабоев Хуршед-директори пажӯҳишгоҳи молия ва иқтисодӣ Донишгоҳи молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

Ҷумъабоев Х. дар маърӯзаи хеш оид ба моҳияти кодекси андоз, зарурат ва пайомадҳои кодекс сухан гуфта, аз паҳлӯҳои манфиву мусбии он ҳозиринро огоҳ намуд.

 

Шуъбаи иттилоот