СӮИҚАСД БА АДАБУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

     Сайф Раҳимзоди Афардӣ яке аз намояндагони барҷастаи адабу фарҳанги миллӣ буд, ки бадбахтона дар авҷи камолоти эҷодиаш аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуд. Ин адиби забардасти тоҷик 20 майи соли 2000-ум дар назди даромадгоҳи манзили истиқоматиаш аз тарафи яке аз қотилони ТТЭ ҲНИ – Раҳим Қаландаров бо шеваи бераҳмона ба қатл расонда шудааст. Маълум аст, ки ин амали нангин ва тарсуёнаро раҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо мақсади тарсафканӣ ва зарба задан ба илму маърифат ва рушду тараққии миллат анҷом додаанд.  

 Албатта равшангарони миллӣ, ки дар симои шоиру нависандагон, адибон, донишмандон, файласуфону мутафаккирон зуҳур мекунанд, дар таърих мисоли зиндаи шахсиятҳои мубориз алайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ буда ва ҳастанд. Онҳо ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ҷаҳолатписандон ормонҳои миллӣ ва мардумиро зери по кунанд ва роҳи тараққиёту рушди инсониро бо муште хурофоту таассуби динӣ бубанданд. Мутаассифона, бар асари нодонӣ, бетафовутӣ, саҳлангорӣ, бетаҷрибагӣ, камогоҳӣ, безавқии ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, ба сабаби худхоҳию худбохтагӣ ва ҷоҳталабии ташкилоти террористии собиқ  ҲНИ дар қаламрави кишвари мо ибтидои солҳои навадуми садаи бистум даргириҳо сурат гирифт ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ ё бародаркушро доман зад.

         Террори фикрӣ ва физикии тоифаи рӯшангар манзараи тарсу ваҳшатро дар саросари ҷумҳурӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба намоиш гузошта буд ва ҳар кӣ ба воқеоти он замон, махсусан бархӯрди фикрию ақидатии наҳзатиён бо равшанфикрон сари кор гирифтааст, хуб медонад, ки чӣ балое сари онҳо омада буд.   Илова бар ин, ҳадафи амалҳои террористӣ ва тахрибкоронаи тарбиятдидагони наҳзатӣ ноҷур сохтани вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва давра ба давра таѓйир додани зеҳни мардум дар қиболи низоми сиёсии дунявӣ ва инсиҷом бахшидани тафаккури хурофотии динӣ-мазҳабӣ мебошад. Барои хушкандешони мазҳабӣ ва муддаиёни курсии давлатдорӣ чун рӯзи рӯшан маълум буд, ки бо шикасти маънавию физикии рӯшангар ва тарафи худ кашидани ин қишр дастгоҳи давлат ва ҳукумат заиф мешавад  ва тардиде барои пирӯзӣ намемонад. Ба ин нияти шум онҳо муборизаи беамонро бар зидди рӯшангарон тақвият бахшиданд.

        Террору куштори насли равшангарони миллӣ, аз ҷумла Сайф Раҳимзоди Афардӣ ба хотири он сурат гирифта буд, ки рӯҳияи миллӣ миёни табақаҳои иҷтимоӣ шикаста шавад ва ҷомеа дар ҳолати шоки фикрию равонӣ қарор бигирад. Маҳз бо ин ҳадаф нависанда ва синамогари барҷастаи миллӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ, ки аз чеҳраҳои намоёни рӯшангарии миллӣ ва ҳунармандии ҳирфаӣ маҳсуб меёфт, аз ҷониби душманони миллат – наҳзатиҳои хунхор бераҳмона террор шуд.

          Адиби забардаст Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз ҷумлаи чеҳраҳои матраҳи фарҳанг ва ҳунари миллӣ ба шумор рафта, бо диду нигоҳи нав ба арсаи адабиёту санъат ворид гардид. Нигоҳи нав ба адабиёт, тарзи тозаи тасвири бадеӣ, интихоби қаҳрамон, сужасозӣ, типпикунонӣ, фантазия ва тахаюлу образофаринии ҷадид навиштаҳои Сайф Раҳимзодро аз дигар навиштаҳо мутамоиз месохт. Гузашта аз ин, Сайф Раҳимзод бо тафаккури нав ба синамои тоҷикӣ нуфуз кард ва дар доираҳои ҳунарӣ то имрӯз сухан аз дидгоҳи вижаи тахассусии ӯ меравад. Муҳити маърифатӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии кишвар аз нависандаи мумтози муосир, ки бо сабки хос ба майдони адабиёт ва ҳунар пой гузошт, умедҳои зиёде дошт. Мутаассифона, миллати тоҷик ин чеҳраи бузурги фарҳангӣ, ҳунарӣ ва адабиро хеле барвақт аз даст дод. Ин шахсияти фарҳангӣ ва ҳунариро қотилони наҳзатӣ бо бераҳмии хос нобуд сохтанд.

Сайф Раҳимзод дар синни 47-солагӣ ба дасти қотилони миллат, яъне наҳзатиҳои хунхор террор шуд. Террори нависандаро дар маҷмӯъ, террори фикрӣ, ҳунарӣ, адабӣ ва фарҳангӣ номидан мумкин аст, зеро ки бо аз байн бурдани ӯ тарҳрезони қатл мехостанд тарсу ҳаросро дар миёни ҷомеаи маданӣ ва ҳунарии тоҷикӣ роҳандозӣ намоянд ва аз ин тариқ шоҳроҳи рушду тавсеаи миллиро бибанданд.

      Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20 ноябри соли 1953 дар деҳаи Дектури ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Гузаштагони нависанда дар деҳаи Афарди ноҳияи Ховалинг зиндагӣ доштанд. Аз ин рӯ, адиб «Афардӣ»-ро ба унвони тахаллуси нависандагӣ интихоб кардааст. Аз овони наврасӣ ба ҳунар ва адабиёт раѓбат дошта, дар ин ду самти муҳимми зиндагӣ қувваозмоӣ намудааст. Фаъолияти фарҳангию ҳунариро аз вазифаҳои рассоми кинотеатри ноҳияи Москва (ҳоло Мирсайид Алии Ҳамадонӣ) шурӯъ карда, солҳои 1969-1970 ҳунарпешаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб буд. Баъдан ба таҳсил фаро гирифта шуда, соли 1975 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Адабиётдӯстӣ, завқи нависандагӣ, ҳунармандӣ ва ҷустуҷӯҳои эҷодӣ риштаи умри ӯро ба самтҳои кори телевизиону радио, тарҷумонӣ, матбуот ва билохира синамо мепайвандад. Ин буд, ки мавсуф масъулиятҳои корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1974-1981), тарҷумон дар Афғонистон (1981—1982), мухбир, баъдан мудири Шуъбаи адабиёт ва санъати газетаи «Тоҷикистони советӣ» (1983-1987), тарҷумон дар Афғонистон (1987-1988), коргардони кино, коргардон-таҳиягари «Тоҷиккино» (1989-1995), раиси киновидеокомпанияи миллии «Тоҷик­кино» (1995-1997)-ро бар уҳда мегирад. Қобилияти эҷодкорӣ, навоварӣ, кордонӣ, ташаббускорӣ, ташкилотчигӣ ва раҳбарии Сайф Раҳимзодро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон августи 1997 вазифаи раисии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳдааш вогузор мекунад. Дар ин вазифаи масъулиятнок Сайф Раҳимзод то соли 2000-ум, яъне то замони аз ҷониби душманони миллат – наҳзатиҳо террор шудан фаъолият дошт.

          Сайф Раҳимзод бо сабки вежа вориди адабиёт ва ҳунари миллӣ гардид. Нависанда бо нашри нахустин ҳикояаш «Гунҷишки сафед», ки ибтидои солҳои ҳаштодуми асри бист интишор ёфт, аз ҷониби хонандагон шинохта ва пазируфта мегардад. Сипас бо қиссаи зебову овозадораш «Ситораҳои сари танӯр» (1984) чун нависандаи навпардоз дар адабиёти тоҷик маҳбубият касб мекунад. Бад-ин минвол ҳикояву қиссаҳояш дар маҷмӯаҳои «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» (1987), «Дурӯғи сафед» (1997), «Васвасаҳои Зикравайҳ» (Таронаҳои хоки париён, соли 1999), «Падруду пай­ғом» (2000), «Доғ­ҳои Офтоб» (2003) ба табъ мерасанд. Қиссаҳову ҳикоёти Сайф Раҳимзод ба забонҳои русию украинӣ, қазоқию қирғизӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд. Дар асарҳояш нависанда тавассути корбасти услуби фардӣ, тарзи нигориши хос воқеияти зиндагиро бозгӯ сохтааст.

      Дар синамои тоҷик низ Сайф Раҳимзод таҳаввулоти ҷиддӣ ворид сохт. Филмҳои офаридаи Сайф Раҳимзод «Ситораҳои сари танӯр», «Ҳарф бизан, поизам», «Пете», «Чоре» ва монанди инҳо дар фестивал-озмунҳои байналмилалӣ (аз ҷумла, кинофестивали Канни Фаронса) соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Сайф Раҳимзод дар вазифаи пурмасъулияти давлатӣ — Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ маҳорати баланди роҳбарӣ, кордонӣ, садоқат ба миллату давлат, муносибати эҷодкорона зоҳир намуда, миёни персонали ҳунарӣ ва эҷодӣ, ҳамчунин байни ҷомеаи мадании тоҷикӣ соҳибобрӯ гардид. Маҳз бо ташаббуси ӯ дар Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум) барномаи «Субҳ», шабакаи радиои «Садои Душанбе» ташкил гардида, дар Кумита рӯзномаи «Ҷаҳони паём» таъ­сис дода шуд. Сайф Раҳимзод дар бозсозӣ, эҳёи ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон  саҳми бузург гузоштааст. Насли миёнсол ва солманде, ки имрӯз дар телевизион ва радио фаъолият мекунанд, аз ибтикороту ташаббусоти Сайф Раҳимзод дар робита бо навсозию таҷаддуди фикрию ихтисосӣ ва техникию фаннӣ ба некӣ ёд мекунанд. Сайф Раҳимзод соли 1995 Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнии Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистонро соҳиб гардидааст. Пас аз вафоташ, соли 2002 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дониста шуд.

          Аз тарафи наҳзатиҳои хунхор террор шудани чунин шахсиятҳои бузурги адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ ба он хотир сурат гирифта буд, ки онҳо пеш аз дигар қишрҳои иҷтимоӣ нақшаҳои шуми бозигарони сиёсиро бозшиносӣ ва фош карда, ба насли ҷавони ҷомеа ҳушдор додаанд. Бинобар ин, гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, минҷумла  созмони наҳзат маҳз бо ин тоифа ҷиддӣ душманӣ варзида, тариқи дастандаркорон талош карданд, бо раддимаъракасозиҳои сунъӣ ва террорҳои мудавом онҳоро аз масири муборизоти идеологӣ мунсариф созанд. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз нафароне буд, ки бо масъулиятписандӣ ва рисолатмандии миллӣ алайҳи хурофот ва хушкандешӣ шӯрид ва дар роҳи мубориза ҷон дод.

Бо террори Сайф Раҳимзод гурӯҳҳои террористӣ ҳадаф доштанд, ки дар фазои ҳунарӣ, эҷодӣ ва рӯшангарии ҷумҳурӣ вакуум ва хало ба вуҷуд оваранд ва аз тариқи тарсу ҳарос дар ҷомеа тасаллут пайдо намоянд. Ба таъбири дигар, омилони террори ҳунарманди ҳирфаӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ мехостанд, ки рӯҳияи миллиро бишкананд ва ихтилофотро миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ мустаҳкам кунанд. Аммо бо террори Афардӣ террористон ба ҳадаф нарасиданд ва насли нави ҳунармандони миллӣ бо такя ба кору пайкори нависанда ва синамогари шаҳид муқобили ҷараёни хурофот ва хушкандешии мазҳабӣ қарор гирифта, тавассути ибтикороти илмӣ, эҷодӣ, сиёсӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ ба майдон ворид гардиданд.   

 

Субҳиддин Зиёев,

ходими пешбари илмии АМИТ