Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман” дар донишкада баргузор гардид

Чорабиниро, ки дар толори бузурги донишкада баргузор гардид, нахуст муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳисса хештаншиносӣ ва дарёфти истеъдодҳо озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман” роҳандозӣ шудааст. 

Дар озмуни мазкур донишҷӯён аз рӯйи ду номинатсия сурудхонӣ ва навозандагӣ ширкат варзиданд.

Аъзои ҳакамони озмун Аминҷонова М.С., Давлатов И. роҳбари қисми бадеии Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон, Обидов А., Ҷаллолов А. ва Насриддинов Ш.А. буданд.

Дар озмуни имрӯза ду нафар сазовори ҷойи якум ва дигарон  ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида ба тӯҳфаҳои раёсат сарфароз гардонида шуданд.

 

Шуъбаи иттилоот