Дирӯз, дар Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба номи академик М.С. Осимӣ оид ба самти пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуш, сарзадани сӯхтор дар биною иншоотҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби Бахши ҳолатҳои фавқуллода ва мудофияи шаҳрвандии Хадамоти давлати оташнишонӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуд, ки дар ин чорабинӣ муовини раиси ситод Ҷабборзода Муҳаммад ва қисман аъзоёни ситоди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ иштирок доштанд.
Дар ин мулоқот тамринҳо ва тарзҳои пешгирӣ ба таври гузаронидани корҳои амалӣ ба ҳозирин нишон дода шуд.
Оид ба ширкати аъзоёни ситоди донишкадавӣ ба шуъбаи иттилоот муовини ректор оид ба корҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ Ҷабборзода Муҳаммад иттилоъ дод.
Шуъбаи иттилоот