Донишҷӯёни факултети металлургия аз осорхонаи вилоятӣ ва боғи фарҳангии Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд. Ин иқдом ҷиҳати шинос намудани донишҷӯён бо таърихи миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳамзамон баланд бардоштани ҳисси худшиносии ҷавонон ба роҳ монда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ташаббуси мазкур дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, мақсад аз он таҳкими худшиносӣ ва огоҳ намудани ҷавонон оид ба таърихи ватану миллат унвон мешавад.