Бо дастури ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ имрӯз, дар толори конфронсзали донишкада муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин бо намояндагони корхонаи истихроҷи маъдани тиллои TIVEA, ки дар ноҳияи Айни фаъолият дорад, вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохурӣ муовини ректорро директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий Валиева Мастура, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ, мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Мутаваллиев Абдуваҳоб, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ Насриддинов Замониддин иттилоъ доданд, ки ҷонибҳо ба чунин хулоса расиданд:
1) 200 ҷои корӣ барои хатмкунандагони соли ҷорӣ барои ихтисосҳои металлургия, корҳои кӯҳӣ, геология, электромеханика ва бойгардонии конҳои канданиҳои фоиданок ва 1000(!) ҷои корӣ барои панҷ соли оянда
2) таҷрибаомӯзии семоҳа барои хатмкунандагони донишкада, бо пардохти маоши 1000 сомонӣ, ҷои хоб ва хурду хӯрок – ҳар сол.
3) Таъсиси лабораторияи муштараки истеҳсоли тилло дар донишкада дар соли таҳсили 2021.
Шуъбаи иттилоот