Бахшида ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонон ҳамасола дар донишгоҳу донишкадаҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат як қатор чорабиниву роҳпаймоиҳо сурат мегирад ва дар ҳамин давра ҷавонони фаъолу меҳандӯст ва содиқи касбу кори гуногун қадрдонӣ карда мешаванд. Дар шаҳри Бӯстон низ ҳамасола ҳафтаи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир мегардад.
Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ҳамроҳии профессорию омӯзгории донишкада ва ҷавонони фаъол бо шиору овезаҳои “Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат”, “Мо, пайравони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”,” Тоҷикистон ба пеш” ва “Ҷавонон бар зидди экстремизм ва терроризм” дар роҳпаймоӣ иштирок намуданд.
Пас аз роҳпаймоӣ ҷавонон ва фаъолонро дар назди Қасри фарҳанги шаҳр раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Раъно Ҳошимзода ба Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, ба онон барору комёбиҳои беназир таманно намуданд.
Сипас, барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ аз ҷониби санъаткорон пешкашӣ ҳозирин гардонида шуд.