Бо итминони комил гуфта метавонам, ки дар дунё ягон халқу миллате нест, ки мисли аҷдодони мо оид ба инсондӯстӣ, одаму одамгарӣ ва ахлоқи ҳамида, меҳанпарастӣ мероси бузурги маънавӣ дошта бошад. Бо ифтихор қайд менмоем, ки “Қобуснома”–и Унсурулмаолии Кайковус, “Сиёсатнома”–и Низомулмулк ва даҳҳову садҳо асарҳои дигари шоирону нависандагони адабиёти классикии тоҷику форс саршор аз ғояҳои инсондӯстӣ, ватандустиву худогоҳӣ, ахлоқи ҳамида ва сиёсату давлатдорӣ мебошанд. Маҳз барои соҳиб будан ба чунин мероси бузурги маънавӣ ва меҳмоннавозию инсондӯстӣ ва меҳанпарастиву хештаншиносӣ мардуми сайёра миллати куҳанбунёд ва ориёитабори моро мешиносанд. Аммо боиси афсус аст, ки нафароне мавҷуданд, ки аз ин мероси бузурги фарҳангии аҷдодони ба нангу ва баномусамон бехабаранд. Ҷаҳонбинии маҳдуд ва мафкураи танги ин қабил аз ҳиссиётҳои бадбинию адоват нисбат ба миллату давлат, манфиатҷӯӣ, дасисабозӣ, манфиати худро аз миллату давлат боло гузоштан саршор аст. Ин нафарон омодаанд ҳар лаҳза ҷиҳати амалӣ намудани мақсадҳои нопок ва ғаразноки худ ба халқу Ватан ва миллат хиёнат кунанд.
Ҳодисаҳои зиёде ба вуқуъ омадаанд, ки сабабгори асосии он хоинон ва бадбинони миллат мебошанд. Ин ҳама боиси монеаҳо гардидан ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, вазъи ороми ҷомеаи кишвар гардиданд. Аз ҷумла, ҳодисае, ки санаи 29.07.2018с. дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ омад, яъне ҳамлаи гуруҳи ҷинояткорон ба сайёҳони хориҷӣ гувоҳи гуфтаҳои боло мебошанд. Ин гуруҳи муташаккили ҷинояткор, ки бо дастури ТЭТ-и ҳизби наҳзати ислом ва ДИИШ ҷинояти болозикри мудҳишро анҷом доданд, исбот намуданд, ки терроризм миллат, мазҳаб, ҳудуд надорад. Маҳз барои ҳамин ҳам, Пешвои муаззами миллатамон мунтазам таъкид менамоянд, ки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ин вабои аср, хатари умумиҷаҳонӣ дастаҷамъона мубориза барем. Гуруҳи ҷинояткорон: Абдусамадов Ҳусейн, Юсупов Аслиддин, Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар бо роҳбарии Убайдов Носирхӯҷа (Қорӣ Исмат) ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла оварда, мақсад доштанд миллати маро бадном сохта, фазои сулҳу суботи кишварро халалдор созанд. Вале бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасад, ба ибораи дигар чоҳканро чоҳ дар пеш аст. Хушбахтона, дар як муддати кутоҳ аз ҷониби мақомоти қудратӣ гуруҳи мазкур дастгир ва нобуд карда шуд.
Ҳамзамон, ноором гузоштани сулҳу суботи кишвар аз ҷониби полковники беномусу ватанфурӯш ва бадхоҳ Гулмурод Ҳалимов ва ҳаммаслакони ӯ, ки ба ҳаёти осоиштаи миллати куҳанбунёд ҳамчун паразит амал намуду ба гулгулшукуфии Ватани маҳбуб монеаҳо эҷод намуд. Ин амалҳои нангини ӯ ва пайравони бевиҷдонаш аз ҷониби халқ бо тезӣ маҳкум гардид ва ҳамчун номард худ нопадид гардиду пайравони гумроҳшудааш ҷон ба ҷонофарин супориданд. Ба авлод ва маҳаллу меҳан доғи абад гузошт.
Бояд қайд намуд, ки ҳамаи амалҳои зишт ва номардона бо ибтикори зархариди бевиҷдон ва ватанфурӯшу молпараст Кабирӣ нақшабандӣ мегардад, ки пайваста бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебарад ва талош мекунад, то ҷомеаро ба роҳи нодуруст бараду мақсадҳои душманонаи хоҷагони хориҷияшро амалӣ созад. М. Кабирии хоин ва касифу бадкеш ба хотири фиреб додани ҷомеа ва боз ҳам дасисабозӣ намудан бо як қатор донишҷӯёни муқими эронӣ суҳбат намуд, ки ин суҳбати оростаи ӯ ба суҳбати гуруҳи дасисабозон шабоҳат дошт. Ҳатто ӯ дар моҳи шарифи Рамазон дар минбар бо шунавандагони мадрасаи “Ал-ъоламия” сҳбат карду аз иғвоҳояш гуфт. Яъне ин ҷо бори дигар исбот шуд, ки дигар наҳзатиёни террорист ва хоин душмани миллату мусалмононанду фақат аз ислом ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопокашон истифода мебаранду халос.
Дигар шахси бевиҷдон ин Иқболбии беимон аст, ки ҳамарӯза аз номи мардум менависаду дурӯғ мебофад, то ҷомеаро аз роҳи рост боз дораду ба роҳи нодуруст барад ва мисли солҳои 90-ум мардумро гумроҳ гардонад. На, имрӯз мардуми баномуси Тоҷикистон худогоҳ буда, алайҳи ин нобакорон нафрат доранд.
Ҳодисаҳое, ки дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон охири моҳи апрели соли 2021 рух дод, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳимояи марзу буми Ватани маҳбубамон, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва сулҳу суботи кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ба нангу номус мебошад. Лекин, бубинед аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар куҷо ҳастанду парвои ҳимояи марзу буми Ватан надоранд, баръакс ба раванди сулҳу ваҳдат ва якпорчагии меҳани азизамон монеаҳо эҷод менамоянд, ки ин амали номардон ва хоинон мебошад. Боз якчанд мисолҳое овард, ки аз ҷониби ин гуруҳҳои беандешаву бехирад, бетафаккуру бемантиқ ва бевиҷдону хоин, аъзоён ва ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ амалҳои набахшиданӣ анҷом дода шуд ва боиси қурбон гардидани олимону муҳаққиқон, зиёиён ва гумроҳии ҷавонон гардид.
Бояд зикр намуд, ки инсон ба дунё як бор меояд барои некукорӣ, дӯстӣ, васл кардани халқу миллатҳо ва таъмин намудани зиндагии шоиста, аммо на барои куштор, сияҳкорӣ ва дасисабозию ҷангу хунрезӣ, ки боиси марги одамони бегуноҳ мегардад. Агар хоинон ва бадхоҳони девсирати миллат аз мероси маънавию ахлоқии гузаштагони мо заррае огоҳӣ медоштанд, чунин ҳизби террористиро ташкил ва ё пайгирӣ намекарданд, чунин ҷиноятҳоро содир намекарданд.
Мусаллам аст, ки дар пештоқи бинои СММ маҳз мисраҳои адабиёти классикии тоҷику форс Саъдии Шерозӣ ҳаккокӣ шудааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узверо ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Шумо ҷинояткорону бадахлоқон, хоинони миллату Ватан боре андеша намудаед, ки дар пештоқи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ на мисраъҳои шоирони англису итолиёвӣ, франсузу маҷорӣ ва ё олмонӣ, аммо маҳз гуфтаҳои шоири бузурги адабиёти классикии тоҷику форс Саъдии Шерозӣ ба ҳафт забон сабт карда шудааст.
Мо зиёиён-тарбиятгарон ин амалҳои террористии бадхоҳони миллатро қатъиян маҳкум намуда, ҳама вақт даъват ба амал меоварем, ки бояд насли наврас, ҷавонони бонангу номус дар руҳияи инсондӯстиву меҳанпарастӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, ҷавонони ватандӯсту шуҷоъро ба воя расонем. Дар амалишавии ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар ҳиссагузор буда, мутахассисони болаёқат ва бозоргирро тарбия намоем.
Имрӯз миллати тоҷик на танҳо дубора соҳиби давлат гардид, балки имконият пайдо кард, то аз гузаштаҳои пурранг ва пурғановати хеш бар оламиён бигӯяд. Таҷлили 5500-солагии Саразм низ падидаи таърихӣ буда, аз маданияту фарҳанг ва давлатдории тоҷикон дарак медиҳад, ки ин худ паёмест барои насли баъдӣ, то тавонанд хати мустақилият ва дирафшдории худро идома бидиҳанду марзу бум ва озодиву озодагии миллатро ҳифз намоянд.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии марди боақлу бохирад ва покизатамиз, роҳбалади тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои маҳбуб ва муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, сохти конститутсионии кишварро поянда дорем, парчами кишварро баланд бардорем, нишони миллатро ҳифз намуда, якпорчагии Ватани маҳбубамонро таъмин намоем.
Дар ҷаҳони муосир бе донистани таърихи миллат, имкони сохтани ояндаи комилан устувор имкон надорад. Ҳарчанд дар аксарияти ҳодисаҳо имрӯз қавму қабила ва халқияту миллатҳои мухталиф бо сабаби дарк накардан ва дур мондан аз асли хеш, яъне аз даст додани хотираи таърихӣ аз байн рафта истодаанд.
Итминон дорам, ки беватанон, хоинон ва бадбинони миллат-аъзоён ва пайравони ТТЭ ҲНИ аз ҳодисаву воқеаҳои нангини ҷаҳони имрӯза, пандемияи оламгир ва дасисабозии хоҷагони хориҷа ба хулосаи амиқ омада, тавба намуда, ақли солимро кор фармуда, дар амалишавии дастуру супоришҳои ҳукумати қонунии кишвар муаммо намешаванд. Ҳар кор ва амали ношоиста аввалу анҷом дорад. Пушаймонӣ суд нахоҳад дошт.
Қозиев К.С.
омӯзгори ДКМТ