Ҳалли муаммои марзӣ муҳим

Аз ҳудуди марзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 400 км номуайян мондааст. Аз ҷудокунии сарҳадоти солҳои 1929 назар афканем бисьёрии минтақаъҳо ба Тоҷикистон таалуқ дорад. Пас аз пошхўрии Иттиҳоди шўравӣ то имрўз ин масъала ҳаллӣ худро наёфтааст. Мо дар наздикии марз истиқомат дорем. Дар охирҳои апрел ва сари моҳи май мардуми маҳаллӣ ба сайри гули лола ба кўҳ мерафтем дар он ҷо мо ҳамчун дар хонаи худ будем. То ба дасти қирғизон гузаштани ин сарзамин дар он минтақаъҳо мардуми маҳаллии мо заминҳои кишт доштан бо сабаби кам будани обҳои полезӣ аксари ин киштзорҳо лалмӣ истифода мешуд. Баъди солҳои 70-ум қирғизон ба ин ҷойҳо кўч бастанд ва аввалин хонаҳои худро буньёд карданд. Мардуми қирғиз дар бозору растаҳои маҳалаҳои тоҷикнишин бе ягон мамоният рафту омад ва хариду фурўш менамоянд. Ягон нафар тоҷик хоҳ мардуми осоишта ва хоҳ кормандони ҳуқуқ сухани носазое намегўянд балки ба онҳо ҳаматарафа кўмак менамоянд.Вале солҳои охир ягар ягон нафар тоҷике ки дар ҳудуди онҳо рафта монад сарҳадбонон ва сокинони маҳаллии қирғиз дарҳол шиноснома ва ё ҳуҷҷат талаб менамоянд ва бо ҷаримаи пуллӣ ҷавоб медиҳанд.Чунин кинаю баъдбини дар миллати қирғиз зиёд гаштааст. Кирғизҳо мехоҳанд заминҳои моро аз худ намоянд. Азбастки обҳои полезӣ ва нўшокӣ ба ноҳияи мо аз ҳудуди Қирғизистон ҷорӣ мешавад қариб ҳаррўза онҳо монеъ шуда бо мардуми мо бо муноқиша меоянд.Ҳамаи ин ба ҳодисаҳои охири моҳи апрел оварда расонид. Талафоти ҷонӣ аз хар ду тараф ва чӣ қадар захмӣ.Мардуми тоҷик ҳама вақт хоҳони сулҳ буд ва мемонад. Локин ба ҳамаи ин сабрҳо ҳудуд дорад. Дар роҳи байнишаҳрии Хуҷанд -Конибодом аз тарафи қирғизон бисьёр бинохо, маъбаҳои таъминоти сўзишворӣ сохта шуданд максад ҷудо кардани марзро ифода мекунад. Муайян кардани сарҳади байни давлатҳо масъалаи таъмин гаштан бо оби нўшокӣ ва полезӣ бояд аз тарафи мақомотҳои дахлдор ҳалли худро ёбад.   

 

                                                        Ҳоҷибоев Д. Д. кафедраи Т ва ТМ