Тибқи дастури ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ 327 нусха китобҳои бадеӣ аз адибони муосир ва классикӣ ба китобхонаи донишкада харидорӣ шудаанд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори китобхона Танжихолова Шаҳнозабону хабар дод.
Аз 87 номгӯйи китобҳои воридгардида, асарҳои пурарзиш ва ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагон” ва дигар китобҳои нодир, ҳамчунин китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуров низ ворид карда шудааст, ки ҳамаи он дар ихтиёри хонандагон гузошта шудааст.
Китобхонаи донишкада имрӯзҳо боз ҳам беҳтар гардида, бо ворид намудани адабиётҳои зарурӣ ва муосир хонандагонаш низ зиёдтар гардиданд.
Шуъбаи иттилоот