Имрӯз, дар толори конфронсзали донишкада семинар бо ширкати мудирони кафедраву сохтори таълим барои фаҳмонидани корҳои таълимӣ ва тасдиқи барномаҳо баргузор гардид. Тибқи дастуру супориши ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ҷаласаи раёсат (аз санаи 17.05.2021с.)барои қаблан омода намудани ҷадвали дарсҳо ва дигар сарбориҳо барои соли хониши 2021-2021 то рафтан ба рухсатии меҳнатӣ корҳои фаҳмондаҳӣ гузаронида шуд. Ба мудирони кафедраҳо супориш дода шуд, ки қабл аз баромадан ба рухсатии меҳнатӣ ҷадвали эҳтимолии дарсҳоро омода ва пешниҳод намоянд.
Дар семинар нахуст муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин суханронӣ намуда, барномаи омода намудаи раёсати таълимро, ки ба таври автоматикӣ соатҳои дарсӣ ва мизонро ҳисоб мекунад, дар ихтиёри мудирони кафедраҳо гузоштанд.
Ин барнома дар муддати як шабонарӯз омода карда шудааст ва барои ҳамаи мудирони кафедраҳо дастрас карда шудааст, ки кори омӯзгоронро хеле осон менамояд.
Дар рафти семинар ҳамчунин мубоҳисарониҳо миёни омӯзгорон ва мудирони кафедраву сохтори таълим сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот