Роҳи беҳбуди вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Солҳои охир дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистон  як чанд муноқишаи калон ба қайд гирифта шудааст. Охирин ҳолати ҷиддӣ муноқиша дар обанбори «Головной» санаи 28 апрели соли 2021 рух дода буд. 

Дар Тоҷикистону Қирғизистон дар фазои иттилооти бархӯрдҳо рух доданд, бисёр маълумоти бардурӯғ, ва гузоришҳои номутавозин ба амал омаданд. Ин ҳама натиҷаи он аст, ки дар рӯзҳои аввали муноқиша маълумоти расмӣ кам буд.

Хабарҳо дар мавзӯи ҷанг ва амният, хусусан агар он хеле наздик рӯй диҳад, ҳама вақт таваҷҷӯҳи зиёд, изтироб ва афзоиши эҳсосоти шунавандагонро ба вуҷуд меорад. Ҳар як лаҳзаи мониторинги ахбори омма нишон медиҳад, ки ахбор шунавандагонро дар шубҳа нигоҳ медорад, зеро хабаҳо дар бораи он чи ки дар заминаи манфӣ рух медиҳад, беохир пахш кардамешвад. Садафсӯс, ки васоити ахбори имрӯзаи ҷаҳон аз усулҳои рӯзноманигории сулҳҷӯёна истифода намукунанд. Ҳангоми пӯшонидани чунин муноқишаҳо ин хеле камӣ мекунад. Дар ниҳоят, ин рӯзноманигори ҷаҳон аст, ки барои хабарнигорон ва муҳаррирон маҷмӯи васоилро фароҳам меорад, ки чӣ гуна ба шунавандагон дар бораи он чӣ хабар медиҳад, то имкон фароҳам оварад, ки ҷомеа посухи ғайриҷангиро ба ин муноқиша баррасӣ кунад.

Ягона роҳи ҳалли ихтилофот миёни минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон беҳтар кардани шароити зиндагии сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.

Дар даври ҷадиди гуфту шуниди мақомоти амниятии Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ ва аломатгузории марзҳо, сурат мегирад дар канори ин талошҳо бояд нақшаҳо барои беҳбуди вазъи зиндагии сокинони ин минтақаҳо назди марзӣ таҳия карда шавад.

Агар тарафҳо ба тавофуқи ниҳоӣ даст ёбанд, марз аломатгузорӣ ҳам шавад ва ҳатто сими хордор кашанд ҳам фақру ихтилоф бар сари манобеи об, бекорӣ, чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Аз ин рӯ мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистонро зарур аст, ки барномаи ҷомеи эҷоди шуғл, коҳиши фақру рушди зерсохтҳои муҳимми ҳаётӣ дар манотиқи марзи муштараки ду кишварро ба тартиб дароварда ва иҷро намоянд. 

 

Сулейманова Н.

Мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ