Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, алҳол, воқеаҳои номатлуби ноҷавонмардона рух додааст, ки боиси нигаронист. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми хирадманду шарафманди Тоҷикистон ҳаргиз хостори чунин даргириҳо набуд. Қобили тазаккур аст ки дарозои сӣ соли ахир, мутассифона, мардуми Ворух, Чоркӯҳ ва дигар манотиқи сарҳадӣ аз муносибати ғайридӯстонаи бародарони қирғиз чандин маротиба осеб дида, талафоти зиёди моддӣ ва ва маънавӣ додаанд, яъне хонаҳояшонро ба харобизор табдил ёфта, наздикони худро низ аз даст додаанд.
Ба ин ҳама амалҳои ноҷавонмардонаи бародарони қирғиз ҷавоб нагардондан на аз ҷиҳати тарс, балки ин ҳама аз таҳаммулпазирӣ ва дурандешии тоҷикона буд. То имрӯз мардуми тоҷик панди “Бадиро бо бадӣ наметавон аз байн бурд”-ро ба кор бурдаанд, вале муаатиссифона баъзе бародарони қирғиз ин ботаҳаммулпазирии тоҷконро ҳамчун тарс қабул карда, амалҳои ноҷавонмардонаашонро пайваста идома медоданд. Имрӯз косаи сабри мардум лабрез шуда, кор ба ин муноқишаи мусаллаҳона кашида шуд ва натиҷааш низ маълум гардид. Таърих шоҳид аст, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ миллату давлат ҳуҷум накардааст, вале бо гуфти устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамеша худро ҳимоя кардааст. Ҳар ҷанге, ки тоҷик кардааст барои ҳимояи ватани худ кардааст.
Ҳодисаҳои охир манзараи хеле аҷиберо мемонад.бародарони қирғиз ҷангро шурӯъ карданд, вале диданд, ки миллати тоҷик чун шер аз ҷой бархест ақибнишинӣ кардаанд ва ба Созмони Миллали Муттаҳид ва баъзе давлатҳо муроҷиат карда, худро ҳамчун ҷабрдида ва мазлум нишон доданд.
Табиист, ки дар ҷанг ҳарду тараф талафот мебинад. Агар ҳамаи он талафоти ҷонию молие, ки қирғиз сӣ соли охир ба тоҷик расондааст муқоиса намоем, нисбати ин ҳисороте, ки қирғиз дар натиҷаи амалашон диданд ба якчанд маротиба бештар аст.
Дар тамоми давру замон ду миллат тоҷику қирғиз бо ҳам дӯсту бародар буданд ва бояд ин анъанаро риоя кунанд.
Мирзоахмедов М.
сардори шуъбаи тарбия