ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: ҲИФЗИ МАРЗ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

Дар раванди Истиқлолияти давлатии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор сохторҳое ба вуҷуд омаданд, ки фаъолияти онҳо барои ҳимояи марзу буми кишвар, оромию осудагии мардуми Тоҷикистон ва бехатарию амонии Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст. Бояд зикр кард, ки баъди ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар рӯ ба беҳбудӣ овард. Моро лозим буд, ки ҳамчунин вазъи таъмини бехатарӣ ва амнияти кишварро низ ба зинаи аввал гузорем.

Ҳифзи марз – нишонаҳои муҳаббат ба Ватану халқ мебошад! Ҳифз намудани марзу буми кишвар қарзи ҳар як сарбози вафодори миллат ба шумор меравад, ба сарбоз се чизи аз ҳама муқаддас мебошад: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан, Модари азизу меҳрубонро посбони намудан ва сулҳро пойдор нигоҳ доштан. Аз ин рӯ ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои таъмини амнияти миллӣ, пойдор мондани Истиқлолияти давлатӣ ва дар замири наврасону ҷавонони кишвар бедор намудани ҳисси худшиносиву  худогоҳӣ, дӯст доштани Ватан саҳми арзандаи худро гузоштан, зеро ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои милли, ҳифзи марзу буми кишвар пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот натанҳо вазифаи сарбоз балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанхоҳи кишвар ба ҳисоб меравад. Мусалламаст, ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии артиши он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сарбоз ҳифзи марзи кишвари худ ба шумор меравад.