МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР ҲАТМИСТ!

Мо ҳамеша ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ мебошад. Рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар давраи таърихӣ дорои мушкилоти хоси худ мебошад.

Экстремизм андеша, фикр, тарғибот ва ғояест, ки дар мафкураи инсон ҳисси бадбинӣ, хашму ғазаб, нафрат, кинаву адоват, душманӣ, ваҳшоният ва харобкориро ҷой дода, ӯро аз андешаи солим дур месозад ва дар натиҷа шахс ба амали террористӣ даст мезанад.

Имрӯз гурӯҳҳои махсуси тарғиботӣ ҳам ба таври озод ва ҳам дар расонаҳои интернетӣ андешаҳои экстремистии худро паҳн намуда, ба рӯҳия ва мафкураи инсонҳо, махсусан, ҷавонон таъсир расонида онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд.

Бояд дар хотир дошта бошем, ки мушкилоти азимтарине, ки то имрӯз роҳи ҳалли пурраи он дарёфт нагардидааст ва дар ҷаҳони муосир, новобаста аз пешрафти илму технология боқӣ мондааст, маҳдудияти мафкуравӣ мебошад. Роҳи ҳалли ин мушкилот содаву осон нест. Агар мо таърихи миллати худро пеши назар орем, фарзандони донишманду соҳибхирад ва дурандешу фозили миллат, ки дар  роҳи ҳалли ин мушкилот кӯшишҳо карданд ва мафкураи халқро тағйир додан хостанд ҳамеша ба тӯҳмату буҳтон гирифтор шуда, сангсор гардидаанд ва кофир хонда шудаанд. Яке аз сабааҳои асосии пайдоиши низоъҳои мазҳабию динӣ, пайдоиши гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дар ин замина, ба майдони ҷанг табдил додани давлатҳо маҳз ҳамин мушкилот мебошад.

Душманони давлату миллат аз сулҳу субот ва ободии кишварамон аз бахили ҷойи нишаст наёфта, кӯшиш карда истодаанд, ки бо ҳар роҳ осоиштагии мардумро тариқи сомонаҳои интернетӣ бо суханҳою амалҳои бардуруғ халалдор намоянд.

     Ба ҳеқ кас пинҳон нест, ки падидаҳои номатлуби тарғиби андешаҳои иғвогаронаю худнамоиҳои ифротгароӣ ва экстремистӣ шайху авлиётарошиҳо, фолбинҳо ва дигар таблиғоти беасоси реаксионии зидди олимону рӯшанфикрон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои маорифпарварӣ фарҳангию тиббӣ равона кардашуда, таблиғоти бардурӯғу бофтаҳои воҳимаангези дунёбезорӣ, пессимистӣ (рӯҳафтодагӣ, куҳнапарастӣ) нисбат ба ҳодисаҳои табиӣ, илму техника ва коинот ба идомаи таҳсили хонандагони муассисаҳои таълимӣ, бахусус, толибагон таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.

Мо, бояд насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани ҳар ваҷаб хоки ватан ва ҳамеша омода будан дар ҳифзи амнияти он тарбия намоем.

                                     

Туев Ш.

мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика