Кор бо ҷавонон

Мудири  шуъба: Муслимзода Хайём

Таҳсил: Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ: унвонҷӯ 

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ ва англисӣ

Тел: +992 92 703 17 77

E-mail: khayom.777@mail.ru

Суроғаи корӣ: Бинои 2, утоқи №16

 

Таърихи шуъба

Аз 01.09.2006 ташкилоти ҷавонони донишкада таъсис ёфта ба вазифаи раиси созмони ҷавонон Аминҷонова Мавлуда Самеъҷоновна таъин гардида, то моҳи сентябри соли 2008 адои вазифа менамоянд. Баъдан вазифаи мазкур ба дӯши Мутавалиев Абдуваҳоб Толибҷонович вогузор карда шуда, номбурда то соли 2009 фаъолият кардааст. Дар вазифаи раиси созмони ҷавонон як қатор кормандону омӯзгорони донишкада кору фаъолият намудаанд: Шомирзоев Хуршед аз 05.05.2010с. ба кор қабул шуда, то моҳи августи соли 2010 фаъолият намудааст; Осими Оқил аз 14.09.2011с. ба кор шурӯъ намуда, то моҳи декабри соли 2011 фаъолият намудааст; Саидов Анвар аз 01.09.2012 с. ба вазифаи сардори созмони ҷавонон таъинкарда шуда, то моҳи феврали соли 2014 фаъолият намудааст; Бобоҷонов Аваз аз 04.02.2014 с. ба ба вазифа таъин карда шуда, то моҳи сентябри соли 2014 фаъолият намудааст; Ҷалолов Миршакар аз 3.09.2014 с. ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонон таъин карда шуда, то моҳи сентябри соли 2017 кору фаъолият намудааст; Шарипов Фаридун аз 30.10.2017 с.  ба вазифа таъин карда шуда, то моҳи майи соли 2018 фаъолият намудааст.

Бо пешниҳоди Раёсати донишкада созмони ҷавонон ба шуъбаи кор бо ҷавонон табдил дода шуд,ки дар натиҷаи ин доираи фаъолият ва ваколатҳои шуъба васеъ гардида, боиси хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ ва ташкили чорабиниҳои гуногун гардид. Аз 28.08.2018 с. ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада Муслимзода Хайём таъин карда мешавад. Шуъбаи кор бо ҷавонон аз мудир ва як нафар мутахассиси пешбар Халифаева Умеда иборат мебошад. Фаъолияти  босамари шуъбаи кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни донишкада буд, ки донишҷӯёни донишкада дар чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ ва варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ иштироки фаъолона намуда, ҷойҳои намоёнро дар озмунҳо ишғол намудаанд.

Барои ҷалби ҷавонон оид ба омӯхтани малакаҳои роҳбарикунанда дар вилоят ҳамасола тибқи қарори Раиси вилояти Суғд ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии вилояти Суғд баргузор мегардад, ки донишҷӯёни донишкада иштирок намуда бо Гувоҳномаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии вилояти Суғд сарфароз гардидаанд. Инчунин донишҷӯёни донишкада гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияи Раиси вилояти Суғд, стипендияи Раиси шаҳри Бӯстон ва Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

 

Самтҳои фаолияти шуъба

  • иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ;
  • шуғлнокии ҷавонон;
  • таъмини тарзи ҳаёти солим;
  • таҳсилоти муносиб барои ҷавонон;
  • таъминоти иҷтимоии ҷавонон;
  • таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;
  • тарбияи ватандустии ҷавонон;
  • ахлоқи ҳамида ва фарҳангдустии ҷавонон;
  • ҷанбаҳои илмию амалӣ ва методӣ миёни ҷавонон.

 

Ҳадаф ва вазифаҳои шуъба

Шуъба бо мақсади андешидани тадбирҳои мақсаднок ва ҳамгироишуда дар самти татбиқи сиёсати ягонаи давлатии ҷавонон ва варзиш дар миёни донишҷӯён ва кормандони ҷавони донишкада, инчунин таъмини ҳуқуқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо таъсис дода шуда, фаъолияти худро бевосита ва дар ҳамкории зич бо Кумитаи ҷавонон ва варзиш инчунин дигар сохторҳои ҳамшабеҳ анҷом медиҳад.