Ширкати ректори донишкада дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар чорабинии бахшида ба рӯзи байналмиллалии оила дар шаҳри Бӯстон

Имрӯз, бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила дар Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ низ ширкат ва суханронӣ намуданд.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар суханронии худ аз дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахшҳои иҷтимоӣ ёдовар шуда, илова намуданд, ки ҳамасола ба оилаҳои ҷавон аз ҷониби давлат ғамхориҳо сурат мегирад, ки ин барои бунёди ояндаи солим ва ҷомеаи комил мебошад.
Нақши инстути оила дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле баланд аст ва фақат оилаҳои солим метавонанд, ки омилҳои некро барои фардои нек ва ҷомеаи саодатманд заминагузорӣ намоянд…
Чорабинии мазкур, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ташкил карда шуда буд, ки нахуст раиси КИ ҲХДТ Миршакар Ҷалолзода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи байналмиллалии оила табрику таҳният намуданд.
Сипас,муовини раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Х., муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дигарон суханронӣ намуданд.
Дар чорабинии имрӯза, ҳамчунин ба як қатор донишҷӯёни донишкада билети ҳизбӣ тақдим карда шуд ва ҳамзамон ба муовини ректор оид ба тарбияи донишкада Аминҷонова Мавлуда “Сипоснома”- КИ ҲХДТ дар вилотяи Суғд ва ба мудири бахши кор бо ҷавонони донишкада низ сипоснома тақдим гардид.
Чорабинии имрӯза бисёр ҳам дар сатҳи олӣ гузашт ва як қатор оилаҳои ҷавон ва сокинони шаҳри Бӯстон низ дар ин чорабинӣ иштирок намуда, суханронӣ намуданд.


Шуъбаи иттилоот