Дар партави сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба мактаб интернати санаторӣ ташриф бурда, аз аҳволи хонандагони ин муассиса огоҳ гардиданд. Дар ин сафар роҳбарияти донишкадаро раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад, раиси Ташкилоти ибтидоии “Маърифат” Саидов Анвар, сармуҳосиби донишкада Маҳмудов Б, ҳуқуқшиноси донишкада Деҳқонов Дилшод ҳамроҳӣ намуданд.
Бо супориши ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ иттифоқи касаба ба хонандагони ин мактаб- интернат кӯмакҳои яквақтаинаи маводи хӯрокворӣ аз қабили орду биринҷ, равғану макарон ва нону обҳои минералӣ тақдим намуд.
Ҳамчунин, роҳбари донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ ба омӯзандагони мактаб интернати мазкур тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ҳини ташриф ректори донишкада ва дигар омӯзгорону кормандон бо муҳассилини мактаб интернат сӯҳбат намуда, аз ҳоли онон аз наздик ошно шуданд.
Ҳамзамон, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҳолати хобгоҳ ва ошхонаву дигар биноҳои мактаб- интернат дидан намуда, ҷиҳати тармиму таҷдиди қисматҳои бино ба масъулони донишкада супориш доданд, то дар фурсатҳои наздик барои беҳтар гардонидани шароит мусоидат намоянд.
Шӯъбаи иттилоот