Ҳамасола, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солгарди Иди Ғалаба таҷлил карда мешавад, ки ба ҳамин муносибат ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ низ тариқи видеонавор ҳамватанони азизро ба Рӯзи Ғалаба табрик намуда, шеъри Иосиф Кобзон ба шаҳидони ҶБВ бахшидашударо, ки бо номи “Бар он солҳои бузург саҷда меорем,…” дар тамоми қаламрави ИДМ ва ҷаҳон шуҳрат дорад, қироат намуданд.
Дар видеонавори мазкур ҳамзамон ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамаи саҳмдорони ин ғалабаи бузургро аз самими қалб табрику таҳният гуфта, бар онон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва умри дарозу пурбаракат таманно намуданд. Дар паёми табрикотӣ аз ҷумла омадааст: “Ғалабаи дар ҷанги бузурги ватанӣ бар фашизм барои тамоми мардумони собиқ иттиҳоди шӯравӣ сабақи бузурги таърих мебошад ва дар навбати дигар ин як паём аз иттиҳоди тамоми мардумони аҳди шӯравӣ аз бародариву баробарӣ аст. Имрӯз, мо Рӯзи ғалабаро ҷашн мегирем ва ба фарзандони далери тоҷик, ки дар ин ғалаби бузург саҳми худро гузоштанду барои раҳо намудани ИҶШС аз ғасби фашизм ҷоннисорӣ намуданд, сано мехонем. Воқеан ҳам дар он солҳои вазнин намояндагони миллати тоҷик чӣ дар хати фронти ҷангӣ ва чӣ дар ақибгоҳ кӯмаки худро дареғ надоштанд ва ҳамаи нерӯяшонро баҳри даст овардани ғалаба сарф намуданд, ки ин амал барои садҳо аср фаромӯш нахоҳад шуд ва мо бо ифтихор аз корнамоии онҳо имрӯз ёдовар мешавем, то фарзандонамон дар рӯҳияи ватандӯстиву шуҷоатмандӣ ва хештаншиносӣ тарбия ёбанд. Ба ҳамин далел, мо пайваста аз ҳоли иштирокчиёни ҶБВ хабар мегирем ва бо онон суҳбату вохӯриҳо ташкил мекунем, то ҷавонон ҳаводиси он рӯзҳоро аз шоҳидон неву бевосита аз забони қаҳрамонон бишнаванд. Аёдати иштирокдорони ҶБВ ин боз намудани сафҳаи таърих мебошад…
Ҳоло ба камоли масъулият ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз, ҳайати профессорию омӯзгории донишкада, донишҷӯёни гиромиро ба Рӯзи ғалаба табрику таҳният гуфта, бар Шумо зафармандӣ ва муваффақият таманно менамоям ”!