70-соли пурбаракати омӯзгори донишкада Сангинов Арифҷон

Имрӯз, ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ омӯзгори донишкада Сангинов Арифҷон Камолович, ки ба синни мубораки 70-солагӣ расиданд, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзиму анъана… ба ҳузур пазируфта, ба рӯзи зодрӯзашон табрик намуданд, ки дар ин бора раиси Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад ба шуъбаи иттилоот хабар дод.
Дар суханони табрикии роҳбарият аз ҷумла омадааст: Эҳтиром ва қадршиносии фаъолияти меҳнатӣ ва зиндагиномаи фарзандони фарзона ва инсонҳое, ки ҳастии худро барои пурфайзии рӯзгор ва ободии диёр – Тоҷикистони азиз бахшидаанд аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ва олитарин мактаби тарбияи насли имрӯзу оянда дар роҳи шинохти умри инсон ва муқаддаси он ба ҳисоб меравад.
Шумо Арифҷон Камолович аз зумраи инсонҳои шариф ва соҳибмактабед, ки сабақи нахусти зиндагиро аз падару модари худ омӯхта, чун фарзанди солеҳ дар иҷрои панди ин мактаби бузург бо ғайрату шуҷоъати хос амал намудаед.
Фаъолияти меҳнатии Шумо дар факултети электромеханика кафедраи таъминоти барқи Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон хеле назаррас мебошад.
Соҳибҷашни гиромӣ, дар ин рӯзҳои пурасрор фарорасии 70-солагии зодрӯзатонро аз номи Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром муборакбод намуда, бароятон тани сиҳат хотири ҷамъ, саодати рӯзгор, бахти неки фарзандон, наберагон ва олитарин ормонҳои инсониро таманно дорем”.
Ҳамчунин, имрӯз дар кафедраи таъминоти барқ низ соҳибҷашнро аъзоёни кафедра бо роҳбарии Шамсиев Рауф самимона табрику таҳният гуфтанд.


Шуъбаи иттилоот